Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳо 27 ҳукми бегуноҳӣ содир гардида, 13 нафар пурра ва 14 нафар қисман бегуноҳ эътироф шуданд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев.
«Дар ин давра 3 ҳазору 282 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 4 ҳазору 153 нафар баррасӣ шуд», - гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ба сурати умум оид ба парвандаҳои ҷиноӣ 5 ҳазору 973 ҳукм, аз ҷумла 54 ҳукми бегуноҳӣ содир гардид. Нисбат ба 15 нафар пурра ҳукми бегуноҳӣ татбиқ гардида, боқимонда қисман бегуноҳ эътироф шуданд.
Соли равон дар маҷмӯъ аз ҷониби судҳо 57 ҳазору 588 парвандаҳои ҷиноӣ, гражданӣ, маъмурӣ, оилавӣ ва дигар парвандаҳо баррасӣ шудаанд, ки дар 311 парванда (0.5%) қарорҳои судӣ бекор карда шуданд. «Соли 2011 аз ҷониби судҳо 118 ҳазор парвандаҳои ҷиноӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва оилавӣ баррасӣ шуданд, ки аз онҳо қарорҳои суд дар 415 парванда (0,7%) бекор карда шуданд. Барои муқоиса: соли 2006 фоизи бекоркунии қарорҳои судӣ беш аз 13%-ро ташкил дод», - изҳор кард раиси Суди олӣ.
Мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов гуфт, дар корпуси судии Тоҷикистон 400 нафар судяҳо фаъолият доранд. «Соли гузашта барои ҳар як судя баррасии ҳудуди 300 парванда рост омад», - гуфт ӯ. Бо назардошти рухсатии меҳнатӣ, рӯзҳои истироҳат ва ид, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз судя як парвандаро баррасӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста