Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати мубориза бо қочоқ ва қонуншиканиҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Қурбон Абдуназаров изҳор кард, ки комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони Интерпол, ВКД ва Хадамоти гумрук муддати якуним моҳ рӯйи ҳалли мушкилоти автомобилҳои рабудаи олмонӣ фаъолият дошт, ки тавассути кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба минтақаи Осиё Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол дода шуда буданд.
«Дар натиҷа дар кишвар чунин автомобилҳо дарёфт шуданд, ки ғайриқонунӣ тавассути марзи гумрукии Тоҷикистон интиқол дода шудаанд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, оид ба ҳамаи автомашинаҳои дарёфтшуда бо иштироки намояндагони пулиси Олмон қарори дахлдор қабул шудааст. «Айни замон мо заминаи маълумоти худӣ ва ба заминаи маълумоти Интерпол оид ба машинаҳои дуздида дастрасӣ дошта, дар сурати зарурат метавонем маълумоти зарурӣ гирем ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ қарори дахлдор қабул намоем», - иброз дошт Қ.Абдуназаров.
Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки то ҳанӯз автомашинаҳои дарёфтшуда ба соҳибонашон баргардонида нашудаанд.
Маҷаллаи олмонии Шпигел бо истинод ба маълумоти Идораи федералии пулиси ҷиноии Олмон хабар медиҳад, ки аксари автомашинаҳои рабудашуда тавассути Лаҳистон ва дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста