Дар нимсолаи аввали соли равон 56 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба аъзои созмонҳои динии ифротгароӣ, ки сокинони вилояти Суғд мебошанд, ба суд ирсол гардид.
Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилоят Шариф Қурбонов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки 56 нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмонҳои ифротгароӣ дар ҳафт парвандаи ҷиноӣ ҳузур доранд.
«Миёни онҳо 54 нафар ба узвият дар созмони «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва ду нафар ба даст доштан дар фаъолияти ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» гумонбар дониста мешаванд», - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, аз оғози сол дар мақомоти прокуратураи вилоят 293 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки 54 адади он хусусияти коррупсионӣ доранд.
Ба қавли Ш.Қурбонов, дар ин давра тибқи натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 1894 таъинот ва 735 пешниҳод содир шуда, барои бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ 1169 эътироз оарда шудааст.
Ба гуфтаи прокурор, дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор 901 нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарии интизомӣ, 424 тан ба ҷавобгарии молиявӣ ва 2351 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд.
Прокурори вилоят зикр кард, ки дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 36,8 гектар замини мавриди истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввалаашон баргардонида шуданд.
«Пас аз дахолати прокурорӣ ҳаҷми зарари расонидашуда ба давлат ба маблағи беш аз 30,9 млн. сомонӣ рӯёнида шуд, ки маблағи андозҳои пардохтнашуда 17,4 млн. сомониро ташкил дод», - афзуд Ш.Қурбонов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста