Зимни нишасти матбуотӣ вазир корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор кард, ки вазорат ба пешгирии ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа миёни кормандони мақомоти умури дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад.
Ба гуфтаи вай, аз рӯйи натоиҷи сафараш ба Тоҷикистон гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес ба камбудиҳои ҷойдошта дар ин маврид, ки барои истифодаи шиканҷа ва рафтори бераҳмона ҳангоми бозпурӣ ва боздошти пешакӣ шароити мусоди фароҳам меоваранд, ишора карда, баҳри бартараф сохтани онҳо як қатор тавсияҳо пешниҳод намуд.
«Мо шуъбаҳои тафтишотро бо камераҳои наворбардории видоӣ муҷаҳҳаз сохта, маркази санҷиш ифтитоҳ намудем. Ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд аз ин санҷиш гузашта, ба саволҳои марбут ба пешгирии шиканҷа посух гӯяд», - гуфт Раҳимов.
Вазир зикр кард, ки аз оғози сол шаш нафар кормандони милиса ба истифодаи методҳои ғайриқонунии тафтишот нисбат ба боздоштшудагон гумонбар шудаанд. «Инҳо кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мирзораҳимов ва Ғаюров, кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳисор Камолов ва Қурбонов, Қудратов аз шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва Алишоев аз шуъбаи ВКД дар ноҳияи Роштқалъа мебошанд», - номбар кард вазир.
Ба қавли Раҳимов, мутобиқи моддаи нави «Шиканҷа» дар Кодекси ҷиноии ҶТ нисбат ба нозири минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, ӯ бо амалҳои худ як ноболиғро қариб ба худкушӣ оварда расонидааст. «Ба наздикӣ суд то кадом андоза гунаҳкор будани Алиевро муайян мекунад», - афзуд вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста