Корманди ширкати аудитории «Сомон-аудит»-и вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ дастгир шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, корманди ширкати аудитории «Сомон-аудит» Ш.У. ҳангоми гирифтани ришва дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА ва 2 ҳазор сомонӣ аз муҳосиби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ашт Б.П. боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Ш.У. аз муҳосиби хоҷагиҳои деҳқонии «Субҳи нав» ва «Ёрматов»-и ноҳияи Ашт, ки дар онҳо санҷиши молиявӣ гузаронидааст, барои ҳалли масъалаи тафтиш ба манфиати хоҷагиҳо ба миқдори дар боло зикршуда пора тамаъ кардааст.
Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ё ба воситаи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати зиддифасоди вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 23 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста