Кормандони оперативии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира кардани маводи нашъадор як амалиёти бобарор гузарониданд.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда, дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ дар қочоқи мухаддирот аз ҷониби кормандони Агентӣ автомашинаи тамғаи «Тико», таҳти идораи шаҳрванди 37 солаи кишвар манъ карда шуд.
Дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили он ду халтачаи селофанӣ ёфт ва мусодира карда шуд, ки дар даруни якеи он воситаҳои алафмонанди ранги сиёҳу сабзчатоби бӯи махсус дошта ва дар дигараш маводи кулӯхчамонанди сафеду зардчатоб ҷойгир карда буданд.
Лабораторияи ташхиси судии Агентӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи героин дар ҳаҷми 1 кг ва қариб 2 кг ҳашиш буд. Маводи мазкурро шахси дастгиршуда аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо мақсади дар пойтахти кишвар фурӯхтан гирифта будааст.
Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, қ. 3 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандии ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Дар айни замон нашъаҷаллоб ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.
Бо мақсади муайян кардани шахсони дигари ба ин ҷиноят алоқаманд ҳаракатҳои тафтишотӣ идома доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста