Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хизматчии ҳарбии қисми низомии 2610-и Сарраёсати КДАМ мустақар дар ноҳияи Панҷро боздошт намуданд. Аз боздоштшуда ҳудуди 380 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, боздоштшуда Суҳроб Файзалиев қаблан ин ҷиноятро тарҳрезӣ намуда, чандин маротиба дар бораи сана ва вақти гирифтани маводи мухаддир бо сокини Афғонистон гуфтушунид кардааст.
«Хизматчии ҳарбӣ шаби 22-юми июл дар марз боздошт гардид. Ҳангоми кофтукови автомашинаи ӯ 8 адад халта ва як адад қуттии дорои 21,6 кило маводи мухаддири героин, 37 кило афюн ва 320 килову 860 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд, ки вазни умумии он беш аз 379 килоро ташкил дод», - гуфт манбаъ.
Нисбат ба ин аъмоли марзбон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, қочоқ, убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Санаи 27-уми июл суди гарнизони вилояти Хатлон барои ҳабси Суҳроб Файзалиев иҷозатнома дод.
Зикр гардид, ки боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз кардааш пушаймон аст. Тафтишоти пешакӣ аз рӯйи ин далел идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста