Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯйи далели барнагардонидани қарзҳои бонкӣ нисбати собиқ қумандони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Ёдгор Мамадасламов, собиқ муовини сардори гурӯҳи марзбонии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Толиб Айёмбеков ва наздикони онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 11-уми сентябри соли 2008 бо супориши Мамадасламов Ёдгор ҳамсари бародари вай Оламбибӣ Гулдарбоғова, истиқоматкунандаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон аз бахши № 66 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ бо 20%-и солона ба мӯҳлати ду сол дар ҳаҷми 350 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ мегирад.
Сипас онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда қарз бо фоизҳояшро барнагардонида, барои эҳтиёҷоти худ масраф кардаанд. Айни замон маблағи тасарруфнамудаи онҳо бо фоизаш 695 ҳазору 847 сомониро ташкил медиҳад, ки ин зарари ҷиддӣ ба манфиатҳои «Амонатбонк» мебошад.
Прокуратураи генералӣ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки 16-уми июни соли 2010 Толиб Айёмбеков ва писараш Ғуломалӣ Абдураҳмонов низ барои рушди фаъолияти соҳибкориашон аз ҳамин бахши «Амонатбонк» дар ҳаҷми 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, вале дар мӯҳлати муқарраршуда онро барнагардонидаанд. Феълан ҳаҷми маблағҳои азхудшуда бо фоизҳояш 587 ҳазору 195 сомониро ташкил медиҳад.
«Мутобиқи қарори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон, нисбати Мамадасламов Ё., Гулдарбоғова О.Т., Аёмбеков Т.А. ва Абдураҳмонов Ғ.Т. бо аломатҳои пешбиникардаи банди «б», қисми 3, моддаи 246 КҶ ҶТ (Тасарруфи воситаҳои пулии ба сифати қарз додашуда) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд», - таъкид мегардад дар иттилои Прокуратураи генералӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста