Адвокатҳои гумонбар ба қатли язнаи президент Холмӯъмин Сафаров изҳороти Прокуратураи генералӣ доир ба иваз накардани баёнот аз ҷониби ӯ, истифода нагардидани шиканҷа ва дастрасии озодонаи адвокатҳо ба зерҳимояро рад мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки сардори Раёсати кор бо парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки гумонбар ба қатли хеши президент Холмӯъмин Сафаров аз баёноти қаблан додааш даст накашида, ҳамчунин ӯ мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст. Ӯ гуфта буд, чанд рӯз қабл онҳо ҳамроҳи прокурори генералӣ дар назди ӯ будаанд ва гумонбаршуда дар ин бора ба онҳо иттилоъ додааст.
Ба қавли адвокатҳо зерҳимояи онҳо аз баёноти қаблан додааш даст кашида, то ҳанӯз дар ин мавқеъ истодагарӣ мекунад. Сабаби иқрор шудани гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояти мазкур истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯ аз рӯзи нахусти боздошт будааст. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони хадамоти фаврии шомил ба гурӯҳи тафтишотӣ нисбат ба аҳли оилаи ӯ таҳдидҳо садо додаанд. Созмони ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) низ нисбати ин қазия изҳори нигаронӣ намуда буд.
«Рӯзи 21-уми июл мо бо чашмони худ зерҳимояамонро бо бинии кафида, осори захм дар поини чашмҳо ва рӯйи варамида дидем. Ӯ фамилияи онҳоеро, ки ӯро мавриди лату кӯб қарор додаанд, номбар кард», - гуфт яке аз адвокатҳои гумонбаршуда Ҷӯрабой Сӯфиев.
Ба гуфтаи ӯ, ташхиси тиббӣ дар мавриди истифодаи шиканҷа пас аз як ҳафтаи дархости адвокатҳо дар ин хусус, вале бидуни ҳузури онҳо гузаронида шудааст. Коршиносон ба хулоса расиданд, нисбат ба ӯ шиканҷа истифода нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Сӯфиев гуфтаҳои дигари намояндаи Прокуратураи генералӣ дар бораи дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояашонро низ тасдиқ намесозад. «Моддаи 53-и КМҶ ҶТ дар парвандаи гумонбаршуда то ҳанӯз риоя намешавад ва адвокатҳо имкон надоранд, ки бо ӯ вохӯранд», - иброз дошт вай.
Маврид ба ёдоварист, киҶ.Сангов дар мусоҳибаи зикршуда ҳамчунин гуфта буд, «ҳеҷ кас бо дархости имкони дидор бо гумонбаршуда ба ман муроҷиат накардааст». Аммо адвокатҳо мегӯянд, онҳо чандин маротиба дар ин хусус муроҷиат кардаанд.
«Дар ин хусус мо на ба Ҷамшед Сангов, балки бояд ба роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ муроҷиат кунем, - мегӯяд адвокат. – Пас аз як ҳафтаи адвокат таъин шуданам, санаи 20-уми июл ман ҷиҳати вохӯрии шахсии танҳо ба танҳо бо зерҳимояам дархост кардам ва он замон айбнома ҳоло пешниҳод нагардида буд. То ҳанӯз посухи расмӣ нагирифтаам. Ман аллакай муддати як моҳ (аз 13-уми июл) адвокати ӯ ҳастам, вале то ҳол ӯро надидаам. Илова бар ин мо мудом ба Прокуратураи генералӣ рафта, телефонӣ ҳам тамос мегирем, вале роҳбари гурӯҳи тафтишотии парванда ва муфаттишон ба мо мегӯянд, ки то ҳол роҳбарият барои вохӯрӣ иҷозат надодааст».
«Ҳар як сухани зерҳимояи мо бояд дар ҳузури адвокат садо диҳад, мо дар бораи баёнотҳои нави ӯ огаҳӣ надорем. Аз рӯзи аз баёноти пешина даст кашидан, мо дигар ӯро надидаем», - афзуд Ҷӯрабой Сӯфиев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста