Дар вилояти Суғд як зан тифли навзоди худро ба ивази 32 ҳазор рубли русӣ фурӯхт. Сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат З.Ф. санаи 12-уми август дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд кӯдак ба дунё оварда, онро ба дасти сокини шаҳри Хуҷанд месупорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ин далел рӯзи чоршанбе, 15-уми август, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйи ошкор карда шудааст.
«Модари ҷавон пас аз маслиҳати пешакӣ бо сокини 57-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров З.М., тифли навзоди худро ба маблағи 32 ҳазор рубли русӣ ба ӯ фурӯхтанӣ будааст», гуфтанд дар Раёсати ВКД.
Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбат ба занони зикршуда мутобиқи моддаи 167, қисми 2-и КҶ ҶТ (хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста