Чанде қабл суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Қумсангир Тилохӯҷа Муслимов ва сокини ноҳияи Бохтар Санавбар Гуловаро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳар кадомеро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Ғулом Бобоев, ҳимоятгари Муслимов ҳукми судро ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ мешуморад. Ба андешаи ӯ, айби зерҳимояи ӯ на дар ҷараёни тафтишоти пешакиву на дар мурофиаи судӣ исбот нашудааст.
Пас аз эълони ҳукм Бобоев зикр кард, ки тамоми далелҳои ҷониби айбдоркунанда бепояанд ва айбнома бар асоси гумону тахмин ва фарзияҳои сохтаи муфатишон тартиб дода шудааст. «Парвандаи ҷиноии Муслимов тафтишоти иловагиро талаб мекард. Додгоҳ нисбат ба ҷабрдида ҳукм содир намуд», - гуфт вай.
Ба қавли номбурда, Муслимов таҳти шиканҷа баёнот додааст ва инро ду ташхиси тиббии доиргардида тасдиқ мекунанд.
Хуршед Сафаров, ҳимоятгари Санавбар Гулова низ ҳукми додгоҳ нисбат ба зерҳимояи худро ғайримунсифона унвон карда, изҳор дошт, ки аз болои он ба зинаи кассатсионӣ шикоят хоҳад бурд.
Ёдрас мекунем, ки айбдоркунандаи давлатӣ ба Тилохӯҷа Муслимов 10 сол ва Санавбар Гулова ҳукми 11 соли зиндонро талаб карда буд. Тилохӯҷа Муслимов ва Санавбар Гулова 14-уми апрели соли равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии 1 кило маводи мухаддири афюн аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста