Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи пешакии додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оғоз гардид.
Раиси мурофиаи додгоҳӣ ва ҳамзамон раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева ба ҳузури хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мурофиа бо баҳонаи «ҳоло мурофиаи пешакӣ буданаш» иҷозат надода, вале Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Тӯраҷонзода мегӯяд, бо вуҷуди мурофиаи пешакӣ будан ҳам, бояд ба иштироки журналистон монеъа эҷод нагардад.
Ба қавли Воҳидова, ҷониби даъвогар оид ба даъвои Тӯраҷонзода дар бораи ҳифзи обурӯву мартаба ва шаъну эътибор раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара Ҳоҷӣ Насрулло Азизов, саримомхатиби масҷиди шаҳри Конибодом Ҳоҷӣ Мақсудҷон Ӯрунов ва журналисти телевизиони вилоят Тоҳир Искандарӣ мебошанд.
«Саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара бинобар сабаби дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш ба мурофиа ҳозир нашуд», - гуфт ҳимоятгар.
Воҳидова ҳамчунин гуфт, додрас ба ҷонибҳо нусхаи аризаи даъвогиро супурда, барои муайян кардани дар гуфтаҳои ба унвони Тӯраҷонзода ҷой доштани тӯҳмат ва таҳқир аз ҷониби ҷавобгарон, ташхиси забонӣ (лингистӣ) таъин намуд. «То анҷоми баргузории ин ташхис баррасии парванда боздошта шуд», - афзуд ҳимоятгар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста