Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд як амалиёти мувафақона баргузор намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории амалиёт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як зани 44-солаи соҳибкор, ки роҳбари яке аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд буд, боздошт шуда,  аз ӯ ду брикети дорои маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот шарики ӯ низ ошкор гардида, аз манзили зисти фурӯшандаи дорухонаи мазкур, зани 48-сола боз 13 адад брикети дигари дорои маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудаанд. «Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда 10 килоро ташкил дод», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳи боздоштшудагон, ба онҳо аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.