Суди ноҳияи Қубодиён сокини навбатии деҳаи Қизил Нишон Аслиддин Наврӯзовро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари маҳкумшуда Толиб Ортиқов хабар дод, А.Наврӯзовро суд дар содир намудани ҷинояти ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша (моддаи 187, қ. 2-и КҶ ҶТ) гунаҳкор донистааст. «Ба андешаи тафтишот, А.Наврӯзов ба сафи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) шомил гардида, мутназам бо ҳаммаслакони худ, ки барои узвият ба ин ҳаракат мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, дар тамос будааст, аммо дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва ҳам дар мурофиаи судӣ гуноҳи зерҳимояи ман исбот нагардид», - гуфт вай.
Ба қавли Ортиқов, суд ба далелҳои овардаи ҷониби ҳимоя эътибор надода, А.Наврӯзовро ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст ва ӯ аз болои ҳукми суд ба зинаи болоӣ шикоят бурданист.
Ёдрас мекунем, ки А.Наврӯзов санаи 5-уми майи соли равон ба гумони узвият дар ҲИӮ боздошт шуда буд. Аз оғози сол панҷ нафар сокинони деҳаи Қизил Нишон ба узвият дар ин ҳаракат гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои то 9 сол равона зиндон шуданд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон беш аз 20 нафар сокинони деҳаи Қизил Нишон таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста