Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оғоз намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбӣ Тоҳир Искандаров хабар дод, собиқ афсари қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, майор Исломҷон Иброҳимов ва шаҳрванди қаторӣ Қурбоналӣ Шодмонов мутобиқи моддаи 200, қ. 3, бандҳои «в, г» (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ба миқдори калон)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.
Ба гуфтаи Т.Искандаров, санаи 15-уми июли соли равон як корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бо Исломҷон Иброҳимов дар тамос шуда, ба ӯ пешниҳод кардааст, ки ба ивази автомашинаи тамғаи «Опел» маводи мухаддири дар дасташ бударо ба ӯ диҳад.
Ба қавли ӯ, рӯзи дигар дар қаламрави бозори фурӯши автомобилҳои шаҳри Кӯрғонтеппа кормандони милиса И.Иброҳимов ва Қ.Шодмоновро бо далели шайъӣ дастгир намудаанд. «Агар гуноҳи И.Иброҳимов ва Қ.Шодмонов мутобиқи моддаи зикршудаи Кодекси ҷиноӣ исбот гардад, онҳоро ҷазои аз 8 то 19 соли зиндон интизор аст», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста