Ба дидори ҳимоятгар бо раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев, ки зимни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Хоруғ боздошт шуда буд, иҷозат дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари боздоштшуда Бобохон Яъқубов иттилоъ дод, зимни боздошт дар Хоруғ ва то интиқол ба Душанбе нисбат ба зерҳимояи ӯ аз шиканҷа кор гирифта шудааст.
«Ба гуфтаи зерҳимояам, пас аз интиқол ба тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ ба Душанбе то имрӯз нисбати ӯ ҳеҷ амали номуносиб раво дида нашуда, мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст ва табибон низ ӯро назорат мекунанд», - таъкид кард ҳимоятгар.
Ҳимоятгар иттилоъ дод, ки нисбати Ш.Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили гурӯҳи ҷиноӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
«Аммо зерҳимояи ман ин айбномаҳоро қотеъона рад намуда, изҳор мекунад, ки пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июл ӯ муддати панҷ рӯз дар чердаки боми яке аз хонаҳо пинҳон шуда будааст», - иброз дошт Б.Яъқубов.
Бобохон Яъқубов изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд барои дидору гуфтугӯ бо зерҳимояаш монеа эҷод нахоҳанд кард, зеро инро ба ӯ дар Прокуратураи генералӣ ваъда додаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста