Ҳайати мушовараи кассатсионии суди шаҳри Душанбе ҳукми суди ноҳияи Синои пойтахтро бетағйир боқӣ гузошта, шикояти кассатсионии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қонеъ накард.
Ёдрас мекунем, ки ҲНИТ аз болои қарори суди ноҳияи Сино дар бораи қонеъ насохтани шикояти ҳизб дар бораи эътирофи ғайриқонунӣ будани баргузории санҷиши фаъолияти ҳизб аз ҷониби Прокуратураи генералӣ шикоят бурда буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҲНИТ Шуҳрат Қудратов хабар дод, зинаи бознигарии судӣ ба амалҳои прокуратура, ки аз доираи салоҳияташон берун буд, баҳои ҳуқуқӣ надод. «Ин санҷиш мухолифи меъёр ва қонунҳои Тоҷикистон сурат гирифта, ба қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон» мутобиқат намекунад», - гуфт вай.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки, онҳо аз чунин қарори зинаи бознигарӣ розӣ набуда, пас аз гирифтани нусхаи қарор ва баррасии масъалаи мазкур бо мақомоти раҳбарии ҲНИТ, ҷиҳати муроҷиат ба зинаи болоӣ тасмим хоҳанд гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста