Дар вилояти Ботканди Қирғизистон ба гумони даст доштан дар қочоқи сӯзишвории дизелӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора бо такя ба сарчашма дар ВКД хабаргузории КирТАГ-и Қирғизистон иттилоъ медиҳад.
«Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони милиса дар яке аз роҳҳои самти Тоҷикистон ду автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-130» боздошт гардида, зимни санҷиш маълум шудааст, ки ронандагон барои ҳамлу нақли 14,4 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ҳуҷчатҳои дахлдор надоранд», - гуфта мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки айни замон аз рӯйи далели қочоқи сӯзишвории дизелӣ тафтишот ҷараёндорад.
Ҳамчунин хабаргузории CA-NEWS иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамин вилоят, дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ду автомашинаи боркаше боздошт шудаанд, ки бо 47 тонна семент ба Тоҷикистон раҳсипор будаанд. «Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои онҳо низ маълум шудааст, ки онҳо бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бор ба сафар баромадаанд», - хабар медиҳад манбаъ.
Аз рӯйи ин далел сокини 33-солаи деҳаи Орто-Сой Т.Т. ва сокини 43-солаи деҳаи Тош-Тумшуқ Т.Т. боздошт шуда, тафтишот идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста