Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари роҳандозии силсилаамалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи баргузории амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2012» дар ноҳияҳои наздимарзии Шӯрообод ва Қумсангири вилояти Хатлон аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бештар 102 кило каннабис ва 58 кило ҳашиш мусодира намуданд.
Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, маводҳои пайдошуда дар дохили халтаҳо ҷобаҷо карда шуда буданд ва шаклу намуди зоҳирии гуногун доштанд. «Масалан, дар шакли пресскардашуда ва тахтамонанди қаҳваранг, ҳамчунин бастаҳои дорои моддаҳои чубчамонанди рангашон кабуди торик бо бӯи махсус», - гуфтанд дар АНМН.
Ба иттилои манбаъ, лабораторияи ташхиси судии Агентӣ бештар аз 160 кило ҳашиш ва каннабис будани маводи мусодирашударо тайид кард.
Зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои шиносоӣ ва боздошти шахсони алоқаманд ба ин амали ҷиноӣ тадбирҳо андешида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста