Мақомоти прокуратура тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбат ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мӯъминобод, сардори кумитаи заминсозии ноҳия Мирзосафар Гулаҳмадови 56-соларо ба итмом расонида, ба суд ирсол намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокураура иттилоъ дод, вакил дар ришваситонӣ ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА аз сокини 21-солаи маҳаллӣ Зафари Маҳмадлатиф барои ҷудо кардани 2 гектар қитъаи замин ба ахирӣ гумонбар дониста мешавад.
«Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дархост дар бораи бекор кардани дахолатнопазирии вакили гумонбаршуда ба порагириро мусбат ҳаллу фасл намуд, ки он барои анҷоми тамоми корҳои тафтишотӣ шароит муҳайё кард», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, сардори Кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб Тоҳир Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки бо фармони Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезия, М.Гулаҳмадов аз мансаб сабукдӯш гардида, иҷрои вазифаи сардори кумитаи заминсозии ноҳия ба дӯши муовини сардор Шамсуддин Рабиев вогузор шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста