Як сокини ноҳияи Вахш барои дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ дар бораи содир гардидани ҷиноят назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Ба қавли прокурори ноҳияи Вахш Юсуфҷони Юсуфзода, мақомоти прокуратураи ноҳияи Вахш парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини маҳаллӣ Абдухолиқ Бӯтаевро ба суд ирсол намудааст.
«Муайян карда шуд, ки моҳи майи соли равон Бӯтаев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқия ирсол намуда, дар он хабар дода буд, ки гӯё ҳамдеҳааш Исмоил Каримов дар барангехтани низои миллӣ даст дорад», - гуфт прокурор.
Ин маълумот аз ҷониби шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ҳамчунин Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор гирифта, бинобар сабаби дар амалҳои Исмоил Каримов ҷой надоштани нишонаҳои ҷиноят, боз кардани парвандаи ҷиноӣ рад карда шуд.
Аммо моҳи август прокуратураи ноҳияи Вахш нисбат ба худи «хабаррасон» мутобиқи моддаи 346, қ. 2-и КҶ ҶТ (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ дар бораи содир шудани ҷиноят) парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.
«Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ А.Бӯтаев ба гуноҳи худ иқрор шуда, феълан парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ба суди ноҳияи Вахш фиристода шуд», - афзуд прокурор.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста