Ду нафар собиқ кормандони милиса, ки дар ҳодисаи марги сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов айбдор дониста мешуданд, мавриди афв қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоягари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, нисбат ба ду тан аз собиқ кормандони фаврии ваколатдори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи қатъи парвандаи ҷиноӣ бинобар сабаби истифодаи санади афв қарор содир гардид.
Ба қавли сармуфаттиши шуъбаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими прокуратураи шаҳри Душанбе Тӯйчибой Имомназаров, нисбати айбдоршавандагон, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 322, қ.2 –и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) айбдор карда мешуданд, қонуни афв истифода гардид.
«Дар ҷараёни тафтишот далелҳои истифодаи зӯроварӣ ё лату кӯб аз ҷониби онҳо исбот нашуд», - таъкид кард корманди прокуратура.
Дар ҳамин ҳол, ҳимоятгар Холматова мегӯяд, дар парванда далелҳои раднопазири исботи гуноҳ мавҷуд буда, ҷониби ҳимоя аз аввал ба айби пешниҳодшуда нисбати онҳо мутобиқи моддаи «Хунукназарӣ» розӣ набуд, зеро ин модда ба ҷинояти содиркардаи онҳо мутобиқ намеояд.
«Дар ин робита бо мақсади тафтиши беғаразона суд дар бораи ирсоли парванда ба тафтишоти дубора таъинот содир намуд, вале прокуратураи шаҳр нисбати ин таъинот се маротиба эътироз овард», - хотирнишон намуд ӯ.
Сарфи назар аз чунин анҷом пазируфтани ҳалномаи парванда, акнун ҳимоятгар доир ба бекор кардани қарори зикршуда бинобар сабаби «беасос ва ғайриқонунӣ будани он» ба Прокуратураи генералӣ шикогят бурдааст ва айни замон ин шикоят мавриди баррасӣ қарор дорад.
Гузашта аз ин, ҷониби ҷабрдида дар бораи ҷуброни хисороти моддиву маънавӣ дар ҳаҷми 180 ҳазор сомонӣ низ даъво пеш овардааст. Ҷавобгар дар ин даъво ВКД Тоҷикистон мебошад.
Ёдрас мекунем, ки мурофиаи судӣ нисбат ба собиқ кормандони фаврии ваколатдори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов моҳи июни соли гузашта оғоз гардида буд. Моҳи марти ҳамон сол онҳо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Сафаралӣ Санговро боздошт намуданд. Сафаралӣ Сангов пас аз ҳабс дар боздоштгоҳи ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхона мунтақил гардида, баъди чанде ба ҳалокат расид.
Наздикони ӯ бар ин назаранд, ки ӯ аз латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, вале ҷониби дигар инро рад сохта, мегӯяд, Сангов худро аз зинапояҳо ба поин афканда, худкушӣ кардааст.
Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони байнулмилалии маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ва Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, дар он аз ҳолатҳои марги Сангов изҳори нигаронӣ намуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста