Натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони Ҳ.Икромзода хабар доданд, онҳо бо натиҷаи ташхиси мазкур қаонатманд набуда, аз Прокуратураи генералӣ баргузор намудани ташхиси такрориро талаб хоҳанд кард.
Ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова аз ҳама гуна шарҳи ин масъала худдорӣ варзида, таъкид намуд, ки дар давоми баргузории тафтишот прокуратура аз ӯ дар бораи ифшо накардани хулосаи коршиносони ташхиси судиву тиббӣ забонхат гирифтааст.
Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли равон дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.
Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.
Прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аз рӯи далели марги маҳкумшуда мутобиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дошта, сабабҳои марги Ҳ.Икромзода мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, аз Прокуратураи генералӣ дархост кард, ки аз рӯи далели марги маҳкумшуда тафтишоти беғаразона ва мунсифона гузаронида шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста