Дар ҷараёни амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир мусодира шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд кормандони милиса ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 39-солаи шаҳр А.М.-ро бозлошт намуда, аз ӯ 59,5 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира карданд.
«Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои иловагӣ дар шаҳри Чкаловск ҳаммаслаки ӯ – сокини 41-солаи вилояти Хатлон М.С. низ боздошт гардида, аз ӯ 30,5 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 90 килоро ташкил дод», - гуфтанд дар раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ 365 килову 537 грамм маводи мухаддирро мусодира намудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳнда ба 489 килову 627 грамм баробар буд.
Аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда дар соли равон 92 килояшро героин, беш аз 165 килояшро ҳашиш ва зиёда аз 24 килояшро афюн ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста