Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба панҷ нафар хизматчиёни қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оғоз кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судӣ судя Исмоилбек Мирмахсумов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар ҷаласаи аввал айбдоркунандаи давлатӣ иштирокиёни мурофиаро бо қисмати айбдоркунии парвандаи ҷиноӣ шинос намуда, як қисмате аз шоҳидон бозпурсӣ карда шуданд.
Ҳимоятгарони судшаванлагон алҳол аз шарҳи масъала худдорӣ варзида, қисмати айбдоркунинро пас аз изҳори назари ҷонибҳо тавзеҳ доданианд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа Сафаралӣ Мардонов хабар дод, гурӯҳи тафтишотӣ нисбати панҷ нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ айбнома пешниҳод намудааст.
Аз ҷумла тафтишот капитан Мирзомиддин Яъқубов, сардори посгоҳи №1 «Вахш»-и қисми низомии 2610, нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ-ро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 335, қ. 1 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии ҶТ), 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир), 289, қ. 3 (Қочоқ), 195, қ. 2 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳаи оташфишон), 388, қ. 2 (Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ), 391, қ. 3 (Суистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ) ва 393, қ. 3 (Дуздии аслиҳаи оташфишон) айбдор мекунад.
Майор Анварҷон Ҳакимов, сардори хадамоти нақлиёти қисми низомӣ мувофиқи моддаи 323 (Сохтакории хизматӣ), 347, қ. 2 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва 391, қ. 3 (Суистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ) муттаҳам дониста мешавад. Чунин айбнома ба афсари қисми низомии 2610 лейтенанти калон Алишер Сӯфиев низ пешниҳод шудааст.
Капитан Зуҳуршо Мирзоев, сардори посгоҳи марзии № 3-и қисми низомии мазкур ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳа, хабар надодан дар бораи ҷиноят ва суистеъмол аз вазифаи хидматӣ айбдор карда мешавад.
Сарбози қаторӣ Ҷонибеки Нуралӣ мутобиқи моддаи 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир) муттаҳам дониста мешавад.
Ба қавли муфаттиш, 17-уми майи соли равон капитан Мирзомуддин Яъқубов бо 20 кило маводи мухаддири ҳашиш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ шарикони ҷиноят низ муайян карда шуданд», - гуфт ӯ.
Ҷаласа навбатӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии мазкур имрӯз идома меёбад.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста