Санаи 2-юми ноябри соли равон дар Тоҷикистон Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни истеҳсолоти судии ҷиноӣ барои солҳои 2013-2016 тасдиқ карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов хабар дод, қонун «Дар бораи ҳимояти давлатии иштиркчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ» аввали соли гузашта қабул гардида, ҳадаф аз он амалисозии тадбирҳо дар таъмини ҳимояти давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштикчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ аст.
Ба қавли вай, маблағгузории барнома аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 6 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,3 млн. $) сурат мегирад.
«Маблағҳои барнома ба ҳимояти давлатии иштирокчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ, аз қабили муҳофизати шахсӣ, муҳофизати манзилу амвол, дастрасӣ ба воситаҳои махсуси муҳофизати инфиродӣ ва алоқа, таъмини махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсони таҳти ҳифозат қарордошта, кӯчонидан ба маҳалли дигари зист ё муваққатан ҷойгир кунонидани онҳо дар макони бехавф, иваз кардани ҳуҷҷатҳо, тағийри намуди зоҳирӣ ва ғайра равона мегардад», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки Вазорати умури дохилии кишвар ҳамоҳангсози барнома буда, дар баробари дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии барнома масъул аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста