Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрванд Давлатшо Кӯчакшоеви 40-соларо ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурданд.
Бино ба иттилои торнамои расмии Прокуратураи генералии Русия, Д.Кӯчакшоев моҳи октябр ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст. Номбурда аз соли 2009 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 181 (Ғасби гаравгон) ва 186 (Бандитизм)-и КҶ ҶТ мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.
Бино ба фарзияи тафтишот, соли 1999 дар шаҳри Душанбе Д.Кӯчакшоев дар ҳайати як гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша чор нафарро гаравгон гирифта, аз наздикони онҳо пардохти 15 ҳазор доллари ИМА барои озодии гаравгононро талаб менамоянд.
Моҳи ноябри соли 2011 Кӯчакшоеви таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ қарордоштаро кормандони пулиси Русия дар қаламрави ноҳияи Подолски вилояти Маскав боздошт карда, маводи парвандаи ӯ ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи генералии Русия ирсол гардид.
Аз рӯи натоиҷи баррасӣ қарор шуд, ки Кӯчакшоев барои ба ҷавобгарӣ кашидан ба мақомоти Тоҷикистон супурда шавад, вале Кӯчакшоев ба ин розӣ нашуда, аз болои қарори Прокуратураи генералии Русия ба Суди Олии ин кишвар шикоят бурд. Суди Олии Русия қарори зикршударо қонунӣ ва асоснок арзёбӣ намуд.
Ба туфайли амали муштарак ва фаврии мақомоти марбутаи Русия, Кӯчакшоев барои ҷавоб гуфтан ба ҷиноятҳои содирнамудааш ба мақомоти салоҳиятноки Тоҷикистон супурда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста