Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Кэтрин Эштон дархост кардааст, ки зимни сафар ба Осиёи Марказӣ аз озодии фаъолони ғайриқонунӣ маҳкумшуда даъват ба амал оварад.
Дар изҳороти пахшшудаи созмон гуфта мешавад, дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ ҳомиёни ҳуқуқи сершумор, намояндагони зиёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони нерӯҳои мухолиф барои роҳандозии фаъолияти осоишта зиндонӣ шуда, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бо маҳдудиятҳо, таъқибот ва ба ҳабс гирифтан аз ҷониби ҳукумат дучоранд.
Дар изҳороти HRW аз вазъи ногувори мавриди таъқиботу шиканҷа ва дар асорат нигоҳ дошта шудани намояндагони созмонҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ шуда, зикр мегардад, ки аз вазъи мунтазам ногувори коррупсия ва афзоиши сатҳи авторитаризм нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ коҳиш меёбад. «Чанде қабл ҳукумати кишвар маҷбур кард, ки фаъолияти созмони ҳомии ҳуқуқ, ки ба мушкилоти бартараф сохтани шиканҷа машғул буд, қатъ карда шавад», - омадааст дар изҳорот.
Интизор меравад, ки сафари Кэтрин Эштон ба Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон бори нахуст ба сифати Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо аз 26 то 30-юми ноябр доир гардад. Ӯ ҳамчунин бо мансабдорони воломақоми Туркманистон низ оид ба ин масъала гуфтушунид хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста