Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати як сарбозе, ки соли 2010 аз ҳамлаи мусаллаҳона ба қатораи автомашинаҳо дар дараи Камароб ҷон ба саломат бурд, оғоз намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Ҳасанов, ҳимоятгари акнун собиқ сарбоз Саймӯмин Шоев хабар дод, зерҳимояи ӯ ба ғайриқонунӣ ба манзили зист ворид шудан ва авбошӣ айбдор карда мешавад.
Ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ, С.Шоев бидуни иҷозати соҳибхона Холмаҳмад Қодиров ба манзили ӯ ворид шуда, барои лату кӯби шиносаш Насиба Давлатхоҷаева соҳибхонаро таҳқир ва мавриди лату кӯб қарор медиҳад.
Дар мурофиаи судӣ айбдоршаванда гуноҳи худро қисман эъттироф намуда, Насиба Давлатхоҷаева изҳор кард, ки ӯ оид ба мавриди лату кӯб қарор гирифтанаш аз ҷониби Холмурод Қодиров ба ШВКД-и шаҳри Қӯрғонтеппа шикоят бурдааст, вале кормандони милиса боз кардани парвандаи ҷиноиро рад кардаанд.
Ба қавли ҷабрдида Қодиров, ӯ ҳам ба мақомоти милиса оид ба оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати Шоев аризаи даъвогии ҷавобӣ пешниҳод намуда, вале аризаи ӯ ҳам рад шудааст. Пас аз ин ӯ ба мақомоти прокуратураи вилоят ариза дода, прокуратураи шаҳр парвандаи ҷиноиро оғоз ва ба тафтишот шурӯъ кардааст.
Ҳимоятгари судшаванда дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки зерҳимояи ӯ дар ҳамлаи мусаллаҳонаи дараи Камароб ҷароҳат бардошта, ҳолати рӯҳиаш то ҳанӯз хуб нест. «Бинобар ин, ман аз прокуратура дархост крадам, ки чораи ҷазои ӯ ба баёноти тарк накардани маҳалли зист иваз гардида, аз боздоштгоҳ озод карда шавад (Саймӯмин Шоев санаи 1-уми ноябр ба ҳабс гирифта шуда буд), вале прокурор дархости моро ба инобат нагирифт», - гуфт номбурда.
Мурофиаи судӣ имрӯз идома меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста