Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҳафт нафар гумонбаршудагон ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа, судяи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров иттилоъ дод, мурофиаи судӣ аввали ҳафтаи равон дар бинои тавқифгоҳи №2-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Миёни айбдоршавандагон се нафар занону як нафар ноболиғ низ ҳузур доранд.
Ба қавли судя, ду нафар аз айбдоршавандагон қаблан барои содир намудани чунин ҷиноят маҳкум шуда, изҳор карданд, ки дар ҳақиқат узви ин созмон мебошанд ва аз ҳимояти адвокат даст кашиданд, зеро ба он эҳтиёҷ надоштаанд.
Ба гуфтаи номбурда, соли 2000-ум онҳо ихтиёран ба сафи созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба ҷалби аъзои нав, таблиғи афкору ғояҳои созмони мазкур ва паҳн намудани варақаҳои мазмуни ифротгароӣ машғул будаанд.
«Аксари онҳо дар ташкил ва иштирок дар гурӯҳҳои ифротгаро, барангехтани низоъи милливу нажодӣ ва мазҳабӣ, даъват ба тариқи зӯроварӣ барҳам додани сохти конститутсионӣ ва даъват ба анҷом додани амалҳои ифротгароӣ муттаҳам карда мешаванд», - қайд кард Аҳроров.
Қобили зикр аст, ки қисмати дигари гурӯҳ иборат аз 10 нафар аллакай маҳкум гардида, дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд.
Созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1952 дар Фаластин таъсис дода шуд. Ҳадафи аслии созмон барҳам додани сохти конститутсионӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ва бунёди халифат аст. Дар аксари кишварҳо созмони мазкур террористӣ эътироф шудааст. Соли 2001 дар Тоҷикистон низ фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» мамнӯъ эълон гардид. Соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро шомил гардида, аъзои фаъоли он таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти прокуратураи вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон нисбат ба 56 нафар аъзои фаъоли созмонҳои динии ифротгаро, ки сокинони вилоят мебошанд, парвандаҳои ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, ба судҳо ирсол гардидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста