Моҳи ноябр шаҳрванди мавриди ҷустуҷӯ қарордошта Ғолибҷон Собиров ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурда шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Прокуратураи генералии Русия, Ғ.Собиров моҳи майи соли 2012 барои содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда мутобиқи моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ба миқдори ниҳоят зиёд) ва 289 (Суиқасди қочоқи маводи мухаддир)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон таҳти пайгарди қонунӣ эълон шуда буд.
Бино ба фарзияи тафтишот, Собиров ҳамроҳи шарикаш 476 грамм маводи мухаддири сахттаъсири героинро дар тагчарми пойафзол пинҳон намуда, аз Тоҷикистон ба Русия интиқол доданӣ будаанд. Аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ин амали онҳо огоҳ гардида, шарики Собировро боздошт намуданд, вале ба худи ӯ муяссар гардида буд, ки паноҳ барад.
Моҳи июли соли равон Собировро кормандони пулис дар қаламрави ноҳияи Митишинои вилояти Маскав боздошт карданд. Ҳуҷҷатҳои ӯ санҷида шуда, маводи мавҷуда ба Прокуратураи генералии Русия фиристода шуд.
Пас аз баррасии аснод қарор шуд, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, Собиров ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста