Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз як ҳодисаи қочоқи маснӯоти заргарӣ аз Туркия ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ намуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ба гумони даст доштан дар қочоқи маснӯоти заргарӣ сокини шаҳри Душанбе Муқаддас Азимоваи 43-сола боздошт шудааст.
«Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «БМВ Х-6»-и муталлиқ ба ӯ аз дохили сумкаҳои сафарӣ 2 килою 930 грамм маснӯоти заргарии аз тило сохташуда ва 12 килою 10-грамм маснӯоти заргарии аз нуқра сохташуда дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар ВКД.
Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда маснӯоти заргарии мазкурро тариқи қочоқ аз шаҳри Истамбули Туркия тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон ворид намудааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста