Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ сармуҳосиби бахши «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Ёвонро ба додгоҳ ирсол кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгирии ҷиноятҳои зиддикорупсионии раёсат Ҳикматулло Исматов хабар дод, собиқ сармуҳосиби бахши «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Ёвон Наим Тағоев ба ғайриқонунӣ азхудкунии беш аз 731 ҳазор сомонӣ маблағ айбдор карда мешавад.
«Аз соли 2004 то соли 2006 ӯ ба ҳайси муҳосиб ва аз соли 2006 то соли 2009 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи сармуҳосиби бахши бонк фаъолият намуда, тавассути сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ 731 ҳазору 315 сомониро ғайриқонунӣ азхуд ва бо ин амалаш ба бонк зарари бузурги молиявӣ расонид», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, парвандаи ҷиноӣ нисбати Н.Тағоев ҳанӯз соли 2010 оғоз гардида, вале ӯ рӯ ба гурез ниҳодааст ва сипас таҳти пайгарди қонунӣ эълон шудааст. «Моҳи феврали соли 2012 ӯ аз ҷониби кормандони пулиси шаҳри Твери Русия боздошт шуда, санаи 23-юми август ба мақомоти Тоҷикистон супурда шуд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста