Имрӯз дар маҷлисгоҳи судии тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ дар Душанбе пушти дарҳои пӯшида мурофиаи додгоҳии гумонбар ба қатли хеши сарвари давлат, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯмин Сафарови 57-сола оғоз гардид.
Назди суд гумонбар ба қатл Диловаршо Қосимов ва айбдоршавандагон ба огоҳ накардан дар бораи куштор бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо ҷавоб мегӯянд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари айбдоршаванда Д.Қосимов хабар дод, мурофиа бо қироати хулосаи айбнома оғоз гардида, сипас ҳимоятгар ду дархост пешниҳод кардааст.
«Дархости аввал ба рад кардани прокурор дахл дошт, зеро прокурор ва ёвари ӯ, ки роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ буд, зерҳимояи маро бозпурсӣ кардаанд. Гузашта аз ин, ҳангоми тафтишот аз ҷониби ӯ ҳуқуқҳои Д.Қосимов ва ҳимоятгари ӯ поймол шуданд», - гуфт Қудратов.
Ба қавли ӯ, дархости дуюм ба бекор кардани тамғаи махфӣ будани парванда марбут аст, ки ҳангоми тафтишот чунин муқаррар шуда буд. «Парванда ғайриқонунӣ махфӣ шуд, зеро дар он ягон маводи пешбинишуда дар қонун «Дар бораи сирри давлатӣ» ва маълумоти махфӣ мавҷуд нест», - муътақид аст ҳимоятгар.
Ҳимоятгар зикр кард, ки ҳарду дархост ҳам аз ҷониби суд рад карда шуда, бо ҳамин рӯзи аввали мурофиаи ба итмом расид. Мурофиаи навбатии судӣ пагоҳ, 25-уми декабр доир гардида, дар он шунидани нишондодҳои шоҳидон дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста