Муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, суд муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Набӣ Ҳомидови 25-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200, қ. 3, банди «г»и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон) гунаҳкор эътироф кард.
«Набӣ Ҳомидов ба 8 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум карда шуд», - гуфтанд дар суд.
Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда моҳи сентябри соли равон зимни баргузории амалиёти махсус бо харидори шартӣ боздошт шудааст. «Он замон аз ӯ беш аз 5,5 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира гардида буд», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста