Аз рӯи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки субҳи рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузшта дар шаҳри Душанбе рух дода, бар асари он бародарони ҷавони дугоник ва дӯсти онҳо ба ҳалокат расиданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Шерафган Латифов хабар дод, ҳодисаи мазкур мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) мавриди таҳқиқ қарор мегирад.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 23-юми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи «Лендровер», хатмкардаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав, сокини 23-солаи пойтахт Назар Дериникян ҳангоми ҳаракат дар майдони Дӯстии хиёбони Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба бинои Почтаи марказии Душанбе (Главпочтамт) бархӯрд. Бар асари бархӯрд таркиш ба вуқӯъ пайваста, дар ҷойи ҳодиса се нафар мусофирони «Лендровер» - бародарони дугоник Амир ва Темур Пешковҳо (Ғуломовҳо)-и 24-сола ва ҳамсояву дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расиданд.
Худи ронанда бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буд. Айни замон Назар Дериникян таҳти назорати табибон қарор дошта, вазъи солимиаш вазнин арзёбӣ мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста