Шуҳрат Қудратов, адвокати кӯдаки ноболиғи дар бинои Раёсати КДАМ-и пойтахт мавриди лату кӯб қароргирифта бар ин назар аст, ки Прокуратураи генералӣ аз манфиатҳои мақомот ҳимоят карда, аз ин рӯ, ба аризаи ӯ дар бораи қонуншикании кормандони КДАМ таваҷҷуҳ зоҳир намесозад.
Ба қавли адвокат, санаи 20-уми ноябри соли гузашта аз ҷониби ӯ ҳамчун ҳимоятгари ҷабрдидаи 12-сола Н.Я. ва модари ӯ нисбат ба кормандони фаврии КДАМ ҷиҳати муддати 3 рӯз дар бинои Раёсати КДАМ ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ноболиғ ва истифодаи шиканҷаву лату кӯб нисбати ӯ ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурда шуда буд.
«Прокуратура дар муддати 10 рӯз бояд аризаро баррасӣ мекард ё оғози парвандаи ҷиноиро рад карда, дар ин бора ба шикоятбурда хабар медод. Аммо 1,5 моҳ сипарӣ гардида, оид ба аризаи мо то ҳанӯз ҳеҷ қароре қабул нашудааст», - гуфт вай.
Қудратов мегӯяд, 20-уми декабр прокурори масъули баррасии ариза ба гирифтани баёнот аз ноболиғи ҷабрдида ва наздикони ӯ омодагӣ изҳор кардааст, вале то ҳанӯз онҳо ба прокуратура даъват нашудаанд. «Гузашта аз ин, мо муддати 4 рӯз ҳамроҳи ноболиғ ба Прокуратураи генералӣ омадем, вале прокурорро пайдо карда натавонистем», - гуфт ӯ.
Субҳи рӯзи 4-уми январ адвокат оид ба беамалӣ ва иҷрои накардани вазифаҳои худ аз ҷониби тобеъонаш ба прокурори генералӣ шикоят бурд. «Нусхаҳои шикоят ба сарвари давлат ва палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол хоҳанд шуд», - афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи генералӣ аз шарҳи қазияи мазкур худдорӣ карданд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ба идораи ОИ «Азия-Плюс» модари наврас Инобат Яъқубова муроҷиат намуда , изҳор кард, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе писари 12-солаи ӯро ба ҳуҷраи кориашон оварда, муддати се рӯз дар онҷо нигоҳ доштаанд ва ба хотири гирифтани гувоҳии зарурӣ нисбати гумонбарон ба ифротгароӣ, лату кӯб кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста