Дар ҷараёни ду амалиёти муваффақона кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ҳудуди 122 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дод, зимни амалиёти аввал ду нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо ҳудуди 2 кило маводи мухаддири ҳашиш ва таппонча бо тирҳо боздошт шудаанд.
«Дар ҷараёни амалиёти дуюм дар шаби соли нав сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастгир шуда, аз автомашинаи «КАМАЗ»-и ӯ 70 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва 50 кило афюн дарёфт ва мусодира гардид», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки соли 2012 аз ҷониби кормандони КДАМ беш аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ҳудуди 200 килояшро героин ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста