Беш аз 500 мизоҷи ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» дубора ба соҳиби манзил шудан умедворӣ пайдо карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли ҶДММ «Мовароуннаҳр» Тӯрабек Охунов хабар дод, мувофиқи қарори чанде қабл содиршудаи Суди олии ҶТ, амволи ғайриманқули ширкат дар шакли иншооти сохтмонаш ниматамом аз «ҳоли ҳабс» озод гардида, сохтмонаш ба итмом мерасад.
Ба қавли номбурда, иншооти сохтмонаш ниматамоми ширкат аз 8 бинои баландошёна дар микрорайонҳои 82, 33 ва маҳаллаи Гипроземи пойтахт иборат аст.
«Амволи ғайриманқул муддати 2 солу 3 моҳ дар «ҳоли ҳабс» қарор дошт ва корҳои сохтмонӣ дар он қатъ шуда, пас аз маҳкум шудани роҳбари ширкат Ҷӯрабек Охунов бо мусодираи амвол , мизоҷони ширкат борҳо ҷиҳати манъи фурӯши ин иншоот ба Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуданд», - гуфт Т.Охунов.
Раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда - ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ ва камомад гунаҳкор дониста шуд. Бо назардошти қонуни афв, аз муҳлати ҷазои ӯ 7 сол боқӣ мондааст.
Ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 ба сохтмони ипотекии манзили зист машғул аст, аммо аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағи сохтмони манзили зистро ҷамъоварӣ намуда, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдагӣ таъмин кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста