Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон 441 нафар судяҳо фаъолият дошта, ҳар кадоме аз онҳо давоми сол аз 500 то 800 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияҳои дурдаст судяҳо он қадр серкор набуда, солона 100-200 парванда барррасӣ мекунанд, вале дар судҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ ин нишондиҳанда барои як судя 750 парвандаро ташкил медиҳад. «Аввали моҳи январ дар маҷмӯъ аз фаъолияти судяҳо натиҷагирӣ шуда, маълум гардид, ки аз ҷониби як судя 2 ҳазору 700 парвандаҳои гуногун баррасӣ шудааст», - гуфт З.Азизов.
Ба андешаи раиси Шӯрои адлия, барои беҳбуди фаъолияти судҳо афзоиши шумори судяҳо ва кормандони дастгоҳи онҳо зарур буда, соли гузашта бо фармони президент 17 судяи нав ва 52 нафар кормандони нави дастгоҳи судҳо таъин карда шуданд.
Дар робита ба иштибоҳоти судяҳо номбурда гуфт, он тамоили поинравиро касб намуда, соли 2010 – 861, соли 2011 – 748 ва соли 2012 – 616 ҳолатҳои бекор кардани қарорҳои судҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Бино ба маълумоти Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, соли гузашта 8 нафар судяҳо аризаи бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтанро навишта, 12 нафар судяҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд. Ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани судяҳо ба қайд гирифта нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста