Наздикони маҳбусони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, маҳбусонеро, ки осори захм аз лату кӯб ва шиканҷааашонро дар навори видеоӣ сабт карда буданд, ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристода шуда, мавриди кирдори бераҳмона қарор гирифтаанд.
Яке аз наздикони маҳбус Фирӯз Хӯҷамқулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки маҳбусони дигари муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд дар гуфтугӯи телефонӣ ба ӯ изҳор кардаанд, ки Фирӯз ва дигар ҳамроҳони ӯ дар ҳуҷраи ҷаримавӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Навори видеоии мазкур тавассути телефони ҳамроҳ сабт шуда, дар он 9 нафар маҳбусони моҳи ноябри соли гузашта аз Душанбе ба Хуҷанд интиқолшуда бонавбат дар бораи лату кӯб дар зиндон ҳикоят мекунанд ва осори захму ҷароҳатҳо аз онро нишон медиҳанд.
Хеши Фирӯз бар ин назар аст, ки онҳоро барои сабти видео ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристода, рӯзҳои наздик ӯ дар ин хусус ба Прокуратураи генералӣ шикоят хоҳад бурд.
Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори муассисаи ислоҳии Я/С №3-и шаҳри Хуҷанд Диловар Арабов дар ин робита изҳор намуд, ки иттилои ба ҳуҷраи ҷаримавии зиндон фиристодани маҳбусони дар навори видео сабтшуда ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.
«Аз кадом манбаъ пайдо шудани ин маълумотро ман намефаҳмам. Онҳо тартиботи реҷаи дохилиро риоя мекунанд ва аз ин рӯ, барои ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристодани онҳо ҳеҷ асосе нест. Вазъи онҳо хуб буда, дар минтақаи умумӣ қарор доранд», - гуфт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста