Соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 144 нафар афроди дастдошта ба ифротгароиву терроризм боздошт шуданд.
Имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 123 нафар ҷиҳати баррасии минбаъда ба судҳо фиристода шуда, тафтишоти парвандаҳои боқимонда идома дорад.
«Миёни боздоштшудагон 36 нафарашонро аъзои созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», 11 нафарашонро аъзои «Ҷамоати Таблиғ», 76 танро аъзои Ҳаракати исломии Туркистон ва 15 нафарашонро аъзои «Ҷамоати Ансоруллоҳ ташкил медиҳанд», - иброз дошт прокурори генералӣ.
Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳудуди 16,6 ҳазор ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 34% бештар аст. «Афзоиши шумори ҷиноятҳо маъмулан аз фаъолияти хуби сохторҳои қудратӣ ва беҳтар бақайдгирии ҷиноятҳои содиршуда гувоҳӣ медиҳанд», - гуфт Шерхон Салимзода.
Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта 164 ҷинояти аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои кишвар содиршуд ошкор гардидаанд, ки 101-тои онҳо ба суистеъмол аз ваколатҳои хидматӣ ва коррупсия мансубанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста