Зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки аз рӯи ин далел се нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд, вале ифшои ному насаби онҳо аз ҷониби прокурор рад карда шуд.
«Тафтиши парвандаи ҷиноӣ, ки аз рӯи ду моддаи қонунгузории ҷиноӣ – хунукназарӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ боз шудааст, идома дорад», - гуфт прокурори генералӣ.
Ба қавли вай, соли гузашта тибқи ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа нисбат ба 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 9 адад парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. «Дар давраи сипаришуда ба мақомоти прокуратура оид ба истифодаи шиканҷа 22 арзу шикоят ворид гардида, дар ин мавридҳо асосан аз кормандони милиса шикоят бурда мешавад», - иброз дошт Ш.Салимзода.
Прокурори генералӣ зикр кард, ки истифодаи шиканҷа дар ҷумҳурӣ яке аз масоили доғи рӯз буда, мақомоти олии раҳбарии кишвар онро маҳкум мекунад. «Дар суханрониҳои расмӣ ва ғайрирасмии худ сарвари давлат борҳо ба ин масъала рӯ овард», - изҳор намуд ӯ.
Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли равон дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.
Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.
Волидайни маҳбус Ҳамза Икромзода аз Прокуратураи генералӣ тафтиши дақиқи ҳодисаи мазкурро талаб доранд. Онҳо рӯзи 3-юми январ дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста