Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки истирдоди Давлатбек Давлатбеков (Димон Ашӯров) аз Чин ба Тоҷикистон бар асоси Созишнома миёни кишварҳо дар ин хусус сурат гирифтааст.
«Ашӯров ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда , вале пас аз худро аз ошёнаи сеюми Раёсати ВКД ба замин афкандану ҷароҳат бардоштан, аз беморхонаи шаҳри Хоруғ ба Чин фирор намуд», - гуфт ӯ.
Дар робита ба қазияи раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев прокурори генералӣ изҳор кард, ки тафтиши парвандаи ӯ идома дорад. «Ҳангоми боздошт дар рӯйдодҳои маълуми Хоруғ ӯ бо худ автомати Калашников, норинҷак ва ду тирдон дошт. Тибқи баёноташ, ӯ аслиҳаро аз бародари Имомназар Имомназаров барои муқовиамат бо нерӯҳои ҳукуматӣ гирифтааст», - таъкид дошт Ш.Салимзода.
Дар посух ба саволи журналистон оид ба изҳороти ахири пешвои ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев бобати омодагӣ ба анҷоми сӯиқасд ба ҷонӣ ӯ, прокурори генералӣ иброз дошт, ки бори нахуст дар ин бора мешунавад ва итминон дод, ки изҳороти номбурда ҳеҷ асосе надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста