Зимни як амалиёти муваффақонаи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ВМКБ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави вилоят ҷилавгирӣ карда шуд.
Бино ба маълумоти АНМН, кормандони фаврӣ тибқи маълумоти дастрасшуда дар қаламрави рустои Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим як шаҳрванди Афғонистонро бо халтаи пур аз маводи хамирмонанди рангаш қаҳваӣ ва бастаи дорои моддаи растанинасаб бо бӯи махсус боздошт намуданд.
«Лабораторияи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ наздик ба 5 кило афюн ва 11 кило ҳашиш будани моддаҳои мусодирашударо таъйид намуд. Аз «меҳмони» афғонӣ, ки ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур карда буд, дар маҷмӯъ бештар аз 15 кило мухаддирот мусодира карда шудааст», - гуфтанд дар Агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса дар Шуъбаи тафтишотии Агентӣ тибқи моддаҳои 289, қисми 2 ва 200 қисми 4 (Убури ғайриқонунии марзи давлатии ҶТ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда дар айни замон дар тафқифгоҳи муваққатии раёсати номубурда нигаҳдорӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста