Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Қирғизистон боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда зимни як амалиёт дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини 38-солаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ӯши кишвари ҳамсоя А.Ш. боздошт ва зимни кофтукови шахсии ӯ ба миқдори 1 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел нисбат ба шаҳрвуанди боздоштшудаи Қирғизистон мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.
Зимнан зикр гардид, ки бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, соли гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ 568 кило (соли 2011 – 563 кило) маводи мухаддирро мусодира намудаанд, ки зиёда аз 100 килояшро героин, беш аз 340 килояро ҳашиш ва зиёда аз 122 килояшро афюн ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста