Мурофиаи судии гумонбар ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафаров дар арафаи анҷомёбист. Парванда махфӣ унвон шуда, мурофиа пушти дарҳои пӯшида дар боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлияи ҶТ ҷараён дорад.
Дар ҷаласаи навбатӣ рӯзи сешанбе, 15-уми январ, айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки гумонбаршуда Диловаршо Қосимов мутобиқи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда – куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва серзанӣ гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 27 соли зиндон маҳкум карда шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари Д.Қосимов хабар дод, зерҳимояи ӯ худро танҳо дар серзанӣ гунаҳкор эътироф намуда, бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ ӯ бояд дар ҳаҷми 1,5 ҳазор нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ шавад.
«Ман ба ақидаи айбдоркунандаи давлатӣ розӣ нестам, зеро дар парвандаи ҷиноӣ далелҳои аз ҷониби зерҳимояи ман ба қатл расонидани Холмӯъмин Сафаров мавҷуд нестанд ва тамоми айб бар асоси тахмину гумонҳо асос ёфтааст», - гуфт Қудратов.
Ҳимоятгар таъкид кард, ки баёноти зерҳимояаш зимни тафтишоти пешакӣ дар бораи иқрори гуноҳ зери фишор ва шиканҷа гирифта шудааст. «Пас аз ба ҳимоя пардохтани Қосимов аз ҷониби ман, ӯ аз баёноти пешина даст кашида, изҳор кард, ки онҳо зери фишори тафтишот гирифта шудаанд», - зикр кард ҳимоятгар.
Тибқи баъзе маълумот, назди суд ба ҷуз гумонбар ба қатл Диловаршо Қосимов, бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо низ барои огоҳ накардан дар бораи куштор ҷавоб мегӯянд. Барои онҳо прокурор мутаносибан 8 ва 3 соли ҳукми зиндонро дархост кард.
Мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи мазкур 24-уми декабри соли гузашта оғоз гардида буд. Аз содир намудани ҳукми суд оид ба ин парванда рӯзи 18-уми январ интизорӣ меравад.
Доир ба шарҳи масъала ОИ «Азия-Плюс» ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуд, вале дар он ҷо то содир шудани ҳукми суд аз шарҳу тавзеҳ худдорӣ карданд.
Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста