Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати пешгириву бартараф кардани таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои боздошту бозпурсӣ тадбир меандешанд.
Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВКД мубориза алайҳи шиканҷа мебошад.
«Барои таъмини тамоми ш ӯ ъбаҳои тафтишотӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар буҷет алҳол маблағи кофӣ мавҷуд нест, вале дар самтҳои дигар, аз ҷумла, дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳо андешида мешаванд», - гуфт ӯ ва дар ин робита аз соли гузашта ба Кодекси ҷиноятии кишвар ворид гардидани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ёдовар шуд.
«Гузашта аз ин, мо як маркази санҷишӣ таъсис додем, ки дар он ҳар як корманди милиса ҷиҳати коршоямӣ аз санҷиш мегузарад ва дар баробари дигар масоил, ӯ аз усули пешгирии шиканҷа низ бояд огаҳӣ дошта бошад. Ман шуморо мутмаин месозам: ҳар як корманди милисае, ки дар таҷрибаи корӣ аз шиканҷа истифода мекунад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт», - таъкид сохт Раҳимов.
Дар идома ӯ гуфт: «Набояд чунин фикр кард, ки мақомоти милиса танҳо ба шиканҷаи шаҳрвандон машғул асту дигар коре намекунад. Чунин ҳодисаҳо ҷой доранд ва мо бо ин падида мубориза дорем».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста