Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба амалиёти махсуси Хоруғ изҳор намуд, ки он натиҷаи беамалиии мақомоти интизомии минтақа буд.
Тибқи суханони ӯ, дар давоми солҳои зиёд мақомоти интизомӣ аз уҳдаи пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар минтақа баромада наметавонистанд, ки дар натиҷа дар Хоруғ гурӯҳҳои ҷиноятпеша амал карда, генерали хадамоти махсус Абдулло Назаров кушта шуд.
«Аз ин рӯ, ба роҳандозии амалиёти махсус маҷбур шудем ва дар ВМКБ танҳо тайи як сол 722 адад силоҳи оташфишон мусодира гардид, ки нишондиҳандаи хеле назаррас аст», - зикр кард Раҳимов.
Ӯ ҳамчунин изҳор кард, ки шахсан дар амалиёти махсус иштирок карда, муддати се моҳ дар Хоруғ қарор доштааст. «Дар ин муддат корҳои зиёде ба иҷро расида, барои камбудиҳо чанде аз кормандони мақомоти интизомӣ аз мансаб сабукдӯш ва баъзе ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Агар шумори ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар ВМКБ қаблан 240 нафар кормандон ва шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ 82 нафар кормандонро ташкил медод, айни замон ҳайати шахсии раёсати вилоятӣ ба андозаи 40% ихтисор шуда, аз ин ҳисоб шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ пурзӯртар карда шуд», - гуфт вазир.
Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин илова намуд, ки корҳои тақсимоти кадрҳо дар шӯъбаи шаҳри Хоруғ то ҳол идома доранд.
Бино ба маълумоти ВКД, соли гузашта дар Тоҷикистон 1 ҳазору 390 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 239 адад автомат, 466 адади яроқи суфтамил ва дигар аслиҳаву муҳимот мусодира шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста