Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ як адвокат боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, сокини шаҳри Исфара Б.А. ба раёсат муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки узви Ҳайати мушовараи адвокатҳои «Сипар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шералӣ Ҷӯраев бо роҳи фиреб аз ӯ дар ҳаҷми 5 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифта, кам кардани муҳлати ҷазои писарашро, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд, ваъда додааст.
«Аммо ба ваъдаи худ вафо накарда, маблағи мазкурро ба эҳтиёҷоти худ масраф намудааст», - гуфтанд дар раёсати мазкур.
Ба иттилои манбаъ, дар суд адвокат аз манфиатҳои писари шахси ба раёсат муроҷиатнамуда ҳимоят мекардааст.
Зимнан зикр гардид, ки Ш.Ҷӯраев боздошт шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста